Домой Новости Як паноҳҷуи тоҷик дар Олмон ҳангоми боздошт захми шуд.

Як паноҳҷуи тоҷик дар Олмон ҳангоми боздошт захми шуд.

48

ЯК ПАНОҲҶӮИ ТОҶИК ДАР ОЛМОН ҲАНГОМИ БОЗДОШТ ЗАХМӢ ШУД

26/01/2019
Акс аз Westfalenpost

Рӯзи 23 январ як паноҳҷӯи 49-сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Олсберг ба ихроҷаш аз Олмон муқовимат нишон дода, дар манзили худ сангар гирифта ва бо корд ба кормандони идораи муҳоҷират таҳдид кардааст. Мақомоти муҳоҷират нирӯҳои вижаи пулисро даъват кардаанд. Дар ҷараёни амалиёти вижа паноҳҷӯи тоҷик захмӣ шудааст. Сарнавишти баъдии ин паноҳҷӯ, ки мебоист аз Олмон ба Литва ихроҷ карда мешуд, маълум нест.

Субҳи чоршанбе, 23 январ, соати тақрибан 5:30 кормандони идораи муҳоҷират дар кӯчаи Банҳофштрассеи шаҳри Олсберги вилояти Рейни шимолӣ-Вестфалия, воқеъ дар тақрибан 480-километрии шарқи Берлин, пойтахти Олмон дари манзили як паноҳҷӯи 49-сола аз Тоҷикистонро кӯфтанд. Ин паноҳҷӯ, ки моҳи феврали соли 2017 аз тариқи Литва вориди Иттиҳодияи Аврупо шуда, мехост дар Олмон паноҳанда шавад. Аммо мақомоти муҳоҷирати Олмон дархости ӯро рад карданд ва бар асоси Паймони Дублин ӯ мебоист ба кишваре, ки аз тариқи он вориди Аврупо шудааст, яъне ба Литва ихроҷаш мекарданд.

Аммо паноҳҷӯи тоҷик кормандони идораи муҳоҷирати Олмонро бо корд пешвоз гирифт. Ҳарчанд, ба гуфтаи Мартин Ройтер, сухангӯи маркази зиддибуҳронии Рейни шимолӣ-Вестфалия, ин паноҳҷӯ танҳо дар хонааш сангар гирифта, таҳдиди ҷиддие ба кормандони муҳоҷират накард, онҳо нирӯҳои вижаи пулисро ба ҷои ҳодиса даъват кардаанд.

Нирӯҳои пулис атрофи биноро печонда, хонандагони мактаберо, ки дар ҳамсоягӣ ҷойгир шуда буд, ҷавоб доданд. Соати 6:30 пулис ба ҷои ҳодиса омад ва наздики соати даҳи субҳи чоршанбе амалиёти вижа барои боздошти ин муҳоҷир сар шуд.

Дар ҷараёни амалиёт паноҳҷӯи тоҷикро захмӣ ва боздошт кардаанд. Сарнавишти баъдии ӯ ҳанӯз маълум нест.

Мартин Ройтер ба нашрияи “Westfalenpost” гуфт: “Ин мард моҳи феврали соли 2017 тавассути Литва омада буд, вале дархости паноҳандагиаш рад шуд ва ӯро ба Литва баргардонданд. Ӯ чанд дафъаи дигар аз нав кӯшиш кард, ки дар Олмон паноҳанда шавад, вале тамоми дархостҳояш рад шуданд. Бори охир ӯ моҳи октябр тавассути Унна ба Олсберд омада, барои кумаки муваққат ба додгоҳи маъмурии Арнсберг муроҷиат карда буд.”