Агар Шумо дар асоси қарордоди корӣ ё таҳсилӣ муҳтали иқомаи муҳоҷиратии худро тамдид накардед, пас метавонед аз ҳар 180 рӯз 90 рӯз дар Русия бимонед.
- Агар Шумо 90 рӯзи комил дар Русия зиндагӣ кардаед, пас, Шуморо зарур аст, ки Русия тарк кунед ва дар тӯли 90 рӯзи дигар ба Русия барнагардед.
- Агар Шумо дар Русия камтар аз 90 рӯз будед (барои мисол, 85 рӯз), пас, дар тӯли 3 моҳи дигар танҳо метавонед ба муддати 5 рӯз ба Русия биёед (90-85-5), агар Шумо дар Русия як моҳи комил (31 рӯз) будед, метавонед ба муддати 59 рӯз биёед (90-31-59). Агар дар давоми ним сол Шумо танҳо аз марзи Русия мегузаред (як рӯз дар Русия ва рӯзи дигар дар дигар кишвар) ва ё дар давоми 180 рӯз 90 рӯз дар Русия хоҳед буд, дар ин сурат қонунро нақз хоҳед кард. Барои ҳамин агар дар Русия муддате ҳам ба сар бурдаед, беҳтар аст, ки барои се моҳ ин кишварро тарк кунед.
Агар Шумо ба хоки Русия барвақттар аз муҳлати 90-рӯза Шумо дар Русия ворид шудед, ё бештар аз 90 рӯз дар Русия зиндагӣ кардед (5 рӯз, агар Шумо бори аввал 85 рӯз зиндагӣ карда бошед) Шуморо дарёфт ва ихроҷ (депорт) мекунанд.
Агар Шуморо пайдо ҳам накарданду аз муҳлати таъйиншуда бештар зиндагӣ кардед, Шуморо мамнуъулвуруд (аз ҳаққи даромадан ба Русия маҳрум) мекунанд.
- бештар аз 30 рӯз – маҳрум шудан аз ҳаққи вуруд ба хоки Русия ба муддати 3 сол;
- бештар аз 90 рӯз (як бор хориҷ шудед ва боз вориди Русия шудед, аммо муҷаввиз (патент) ва шартномаи меҳнатиятонро расмӣ накардед) – маҳрум шудан аз ҳаққи вуруд (мамнуъулвуруд) шудан ба хоки Русия ба муддати 5 сол;
- бештар аз 270 рӯз (тамоми сол ҳар семоҳа марзро убур кардеду боз вориди Русия шудед, аммо патент ва шартномаи меҳнатиятонро расмӣ накардед) – маҳрум шудан аз ҳаққи даромадан ба хоки Русия ба муддати 10 сол.
Агар ба Русия барои кор омадед, иҷозатнома (патент) бигиред ва шартномаи кориятонро расмӣ кунед, агар барои таҳсил омадед, расман ба шӯъбаи рӯзонаи донишгоҳ, донишкада ё омӯзишгоҳе дохил шавед, ки иҷозаи фаъолият дорад.
Чӣ гуна сабти ном кард (расмӣ кардани сабти номи муҳоҷиратӣ)
Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бидуни мақоми шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои зерин бояд сабти ном кунанд:
- ҳангоми вуруд ба хоки Русия;
- ҳангоми кӯчидан ба ҷойи дигар дар дохили Русия;
- ҳангоми таваллуд шудани кӯдак дар дохили Русия.
Ҳатто Шумо худро рус ҳам шуморед ва Путинро дӯст доред ҳам, бояд ин шартҳоро иҷро кунед.
Дар ҳама ҳолат Шумо муваззаф ба сабти ном танҳо дар ҷойи зисти воқеии худ ҳастед. Набояд дар макони зисти хешу табор, “ҳамватани боэътимод, ки онро сидқан анҷом медиҳад”, хобгоҳ, он ҷое, ки Шумо зиндагӣ намекунед, “ширкатҳои ҳуқуқӣ” (юридикӣ) сабти ном кунед. Дар чунин ҳол, Шумо ба муҳлати 5 сол ихроҷ (депорт) хоҳед шуд.
Муҳлати сабти номи муҳоҷиратӣ вобаста ба он аст, ки Шумо шаҳрванди кадом кишвар ҳастед: муҳлати сабти номи шаҳрвандони Арманистон, Белорусия ва Қирғизистон бо шумули рӯзи вуруд (кӯчидан, таваллуд шудан) 30 рӯз ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули рӯзи вуруд (кӯчидан, таваллуд шудан) 15 рӯз аст. Муҳлати сабти номи шаҳрвандони кулли дигар кишварҳо ва шахсони бешаҳрванд бо шумули рӯзи вуруд (кӯчидан ва тавалллуд) 7 рӯзи корӣ аст.
Ин муҳлати охирон аст, набояд интизори ба охир расидани муҷаввизи иқомат шуд. Ҳарчи бештар сабти ном кунед, беҳтар аст, вагарна мумкин дер шавад ва Шуморо барои як рӯз дер кардан ба муддати панҷ сол аз Русия ихроҷ мекунанд.
Барои расмӣ кардани сабти номи муҳоҷиратӣ бояд шиносномаи худро (сафҳаи аксдор ва сафҳаи муҳри вуруд ба Русия), корти муҳоҷиратӣ, шиноснома (сафҳаи аксдор ва сафҳаи сабти иқомат)-и соҳиби хонаеро, ки он ҷо иқомати Шумо сабт мешавад, нусхабардорӣ кунед, дар бораи ҳузури худ (сойт) огоҳинома пур кунед ва ҳамроҳ бо асли ин ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин соҳибхона ба МҶМ ШРМ рафта, ин ниҳодҳоро огаҳ кунед. Ба Шумо барга (корешок)-е медиҳанд ва он баргаи сабти номи Шумо хоҳад буд. Хоҳиш кунед, то барои Шумо рақами қайди сабт дар пойгоҳи иттилоотӣ диҳанд, зеро ин рақам зимни тафтише пайдо кардани Шуморо осон хоҳад кард.
Расмӣ кардани сабти номи муҳоҷир комилан РОЙГОН аст. Барои сабти номи муҳоҷир соҳибхона муваззаф ба пардохти ҳеҷ гуна андоз ва пардохти коммуналӣ НАМЕШАВАД. Баръакс агар соҳибхонае, ки хонаи ӯро иҷора гирифтаед, Шуморо САБТИ НОМ НАКУНАД, эҳтимол дорад, алайҳи ӯ ба иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва ҳузури қайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз ва 40 000 рубл ҷарима шавад. (сойт)