Домой Новости МОДАР ХУДАШ ДУХТАРИ 13-СОЛААШРО БА МАРДОНИ МУҲОҶИР МЕФУРӮХТ

МОДАР ХУДАШ ДУХТАРИ 13-СОЛААШРО БА МАРДОНИ МУҲОҶИР МЕФУРӮХТ

405

Дар чанд рӯзи охир дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия се шаҳрванди Тоҷикистон ва як зодаи Ӯзбекистонро бо иттиҳоми алоқаҳои ҷинсӣ бо ду духтари хурдсоли 12 ва 13-сола дастгир карданд. Вале таҳқиқи яке аз ин парвандаҳо воқеияти мудҳишеро ошкор кард. Яке аз боздоштшудаҳо – марди 41-сола аз Тоҷикистон -ҳангоми бозпурсӣ баёнот дод, ки модари духтари ноболиғи 13-сола нафақат аз алоқаҳои ҷинсии онҳо хабар дошт, балки барои ин аз вай ва дигар муштариёни духтараш пули хеле калон мегирифт. Ин духтар, ки ҳамчун ғуломи шаҳвонӣ истифода мешуд, хонандаи синфи 5 будааст.


Раёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон боздошт шуда ва нисбати ӯ бар асоси қисми сеюми моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғи зери синни 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Маркази матбуоти ин идора дар иттилоияш гуфт, феълан масъалаи ба ҳабс гирифтан ва эълони айбномаи расмӣ ба зидди ин мард баррасӣ мешавад: “Бино ба фарзияи тафтишот, гумонбар дар ҳудуди ноҳияи Приморский аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи марти соли 2019 чандин бор бо як хонандаи мактаб, соли таваллудаш 2006 алоқаи ҷинсӣ кардааст.”

Мақомоти тафтишотӣ ҷузъиёти дигари ин қазияро наовардаанд, вале матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки марди тоҷикистониро бар асоси муроҷиати модараш дастгир кардаанд. Зани 34-сола бо номи Юля соати дуи шаби 28 апрел ба пулиси ноҳияи Приморский дар бораи гум шудани духтари 13-солааш хабар додааст. Маълум шуд, ки духтар чанд муддат ҳамроҳи як ҷавони тоҷикистонӣ, соли таваллудаш 1991 буда, чандин бор бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Дар рафти тафтиш ҳамчунин маълум шудааст, ки ин духтар бо як зодаи Ӯзбекистон, соли таваллудаш 1992 ва марди дар боло зикршудаи 41-сола низ муддатҳо алоқаи ҷинсӣ доштааст.

Мақомоти тафтишотӣ танҳо боздошти ахириро расман тасдиқ кардаанд, вале нашрияҳои Петербург дар бораи боздошти он ду ҷавони дигар низ хабар медиҳанд.

Нашрияи “Невские новости” хабар дод, ки дар рафти тафтиш бархе паҳлуҳое ошкор шуд, ки аз шуниданаш мӯи сари одам сих мешавад: «Модари духтар соли гузашта бо он марди 41-сола шинос шуда, дар ивази пул бо вай хидматҳои шаҳвонӣ мерасонд. Ӯ сипас ба фурӯхтани духтараш сар кардааст. Бино ба маълумоти мо, истисмори кӯдак ҳамчун ғуломи шаҳвонӣ чандин моҳ давом кардааст».

Ҳангоми бозпурсӣ марди боздоштшуда иқрор кардааст, ки модари хонандаи синфи 5 аз ҳама чиз хабар дошт ва барои алоқаи ҷинсӣ бо духтари хурдсолаш аз вай ва аз дигар муштариён пули калон мегирифт.

Қонунгузории Русия алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғони то синни 14-ро ҷиноят эътироф мекунад, ҳатто агар ин алоқаи ҷинсӣ бо ризоияти ҷабрдида сурат гирифта бошад. Қисми сеюми моддаи 134-уми Кодекси ҷиноятии Русия барои алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки аз 12 сол боло, вале аз 14 сол камтар син дорад, ҳамчун муҷозот аз 3 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳафтаи гузашта низ мақомоти тафтишотии Петербург дар бораи чунин боз як ҳодисаи даҳшатовари таҷовуз ба номуси як духтари 12-сола аз ҷониби як марди зодаи Тоҷикистон хабар дода буданд.

Додгоҳи шаҳри Гатчинаи вилояти Ленингради Русия рӯзи 24 апрел дархости мақомоти тафтишотӣ дар мавриди ба ҳабс гирифтани марди гумонбар ба таҷовузро пазируфт. Ин марди 38-солаи зодаи Тоҷикистон, ки ба мавридҳои батакрори таҷовуз ба номуси духатарандари 12-солааш гумонбар мешавад, дастикам то 22 июн ба ҳабс гирифта шуд.

Маркази матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Ленинград хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти шаҳри Гатчина нисбат ба ин гумон бар асоси банди “б”-и қисми чоруми моддаи 131-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғе, ки баръало ба синни 14 нарасидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишотӣ, гумонбар, ки дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Гатчина дар манзили ҳамсари маҳаллиаш зиндагӣ мекард, дар тӯли солҳои 2017-2018 чандин бор ба номуси духтари ноболиғи ин зан таҷовуз кардааст.

Ин кор фақат чанд рӯз пеш, замоне ошкор шуд, ки духтарро бо аломатҳои дарди шикам ба бемористон бурданд ва табибон маълум карданд, ки ӯ ҳомила аст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, марди боздоштшуда чанд сол пеш ба Русия барои мардикорӣ омада буд, вале вақтҳои охир дар ягонҷо кор намекард ва дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурд.