ҒУЛОМӢ ДАР АВРУПО: САРГУЗАШТИ 16 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЛАТВИЯ

31

Дар Латвия, кишвари узви Иттиҳоди Аврупо нахустин қазияи қочоқу харидуфурӯши инсон ошкор карда шуд. Телевизиони
 LNT рӯзи 3 май хабар дод, ки 16 шаҳрванди Тоҷикистон беш аз 4 моҳ дар як ширкати сохтмонӣ бидуни маош кор карда, дар як шароити ғайриинсонӣ ва нимгурусна ба сар мебурданд. «Тамоми аломатҳои дар ғуломӣ қарор доштани ин мардум мавҷуд аст – онҳоро бе пул кор мефармуданд, дар ҳароити амалан гуруснагӣ нигоҳ медоштанд ва ин мардум дар як кишвари бегона дар як шароити беҳуқуқӣ қарор доштанду наметавонистанд ҳатто ба Ватани худ баргарданд », – мегӯяд ҳамоҳангсоли ВКД Латвия дар масоили пешгирӣ аз харидуфурӯши инсон Ласма Стабиня.

LNT – шабакаи телевизионии Латвия шоми 3 май гузориши риққатовареро дар бораи дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар шароити ғуломӣ қарор гирифтани 16 шаҳрванди Тоҷикистон нашр кард.

Бино ба ин гузориш, аввалин шуда дар бораи эҳтимоли дар ғуломӣ қарор доштани як гуруҳи шаҳрвандони аз 40 то 50-солаи Тоҷикистон мақомоти Нозироти давлатии меҳнати Латвия хабардор шуданд. Мардикорони тоҷик маҳз ба ҳамин идора барои кумак муроҷиат карданд.

Байба Пушукалне, роҳбари Нозироти давлатии меҳнати Латвия ба LNT дар шарҳи ин қазия гуфт: «Шаҳрвандони Тоҷикистон ба мо шикоят карданд, ки корфармо маоши дар қарордод нишондодаашро ба онҳо пардохт намекунад. Мо ба таҳқиқи ҷузъиёти ин қазия пардохтем ва маълум кардем, ки ин афрод беш аз чор моҳ боз дар Латвия қарор доранд, қарордоди корӣ имзо кардаанд, вале маоше, ки дар қарордод нишон дода шудааст, ба он онҳо пурра дода намешавад”.

Дар рафти санҷиш нозирони меҳнат як силсила қонуншиканиҳои дигарро низ ошкор карда, ба ин далел ба вазорати корҳои дохила ва мақомоти дигари марбутаи Латвия муроҷиат карданд. Ин ниҳодҳо баъди таҳқиқ ба хулосае омаданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Латвия қурбони харидуфурӯши инсон шудаанд.

В результате сложившейся ситуации были выявлены и ряд других нарушений, совершенных работодателем, поэтому трудовая инспекция обратилась и в министерство внутренних дел Латвии и другие соответствующие учреждения, которые признали, что граждане Таджикистана в Латвии стали жертвами торговли людьми.

Ласма Стабиня, ҳамоҳангсози ВКД Латвия дар масоили пешгирӣ аз харидуфурӯши инсон мегӯяд, ин нахустин қазияи ошкоршудаи дар Латвия мавриди харидуфурӯши инсон қарор гирифтани шаҳрвандони кишварҳои сеюм аст: «Тамоми аломатҳои ошкоршуда баёнгари ин аст, ки ин одамон дар шароити ғуломӣ қарор доштанд:

1. Ба онҳо маош намедоданд

2.Онҳо амалан дар шароити гуруснагӣ ба сар мебурданд

3.Онҳо дар як кишвари бегона дар шароити маҳрумият қарор доштанду ҳуқуқи худро намедонистанд

4. Онҳо ба Ватани худ ҳам баргашта наметавонистанд”.

Latvijā par cilvēktirdzniecības upuriem kļuvuši 16 iebraucēji no Tadžikistānas

 

Се нафар аз 19 шаҳрванди Тоҷикистон мунтазири натиҷаҳои тафтишот нашуда, ба кишвари худ баргаштанд. Ба 16 нафари дигар дар Латвия таҳти давраи интизорӣ қарор гирифтаанд. Онҳо дар ин муддат, ки қазияашон таҳти тафтиш қарор дорад, аз давлати Латвия кумаки давлатӣ қарор гирифта, ҳамчунин бо барномаҳои эҳёи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд.

Иттиҳодияи «Patvērums Drošā māja» (Паноҳгоҳ)ки ҳамарӯза бо ин 16 мардикори тоҷик кор мебарад, мегӯяд, ҳангоми боздид аз маҳалли зисти ин коргарон шоҳиди як манзараи боварнокарданӣ шудааст.

Сандра Залтсмане, роҳбари ин созмони имдодӣ гуфт: «Дар ҳуҷрае, ки се мардикори тоҷик зиндагӣ мекард, барои хӯрдан ҳамагӣ 8 дона картошка ва ду дона пиёз буд. Яхдонро беҳтараш нагӯям, чунки холӣ буд. Ва ягон умеде ҳам набуд, ки корфармо барои ин мардикорон хӯроке меорад, то азоби гуруснагӣ накашанд. Баъзе мардикорон аз камбуди ғизо мушкили саломатӣ доштанд.комнате, где жили три человека, было всего восемь картошек и два лука.Як манзараи комили ғуломдорӣ…”

Мақомот исми корфарморо ба хотири масоили тафтишотӣ феълан ошкор намекунанд. Вале ин корфармо, тавре маълум мешавад, то ҳол даст аз таъқиби мардикорони тоҷик набардоштааст. Сандра Залтсмане мегӯяд, мардикорони тоҷик мехостанд дар ширкатҳои дигари Латвия барои худ ҷои кор биҷӯянд, вале корфармои қаблиашон ҳама корфармоҳои дигарро огоҳ кардаанд, то ин шаҳрвандони тоҷикро ба кор нагиранд. “Инҳо шуморо ба мақомот мефурӯшанд”, – гуфтааст ин корфармои ғуломдод ба сарони ширкатҳои дигар.

Ин нахустин мавриди ошкоршудаи харидуфурӯши инсон дар Латвия, як кишвари пасошӯравии феълан узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупост. Валке мақомоти корҳои дохилаи Латвия мегӯянд, ки гумон аст, ки ин мавриди охирин бошад. Ба гуфтаи мақомот, дар бисёр мавридшо муҳоҷирон намедонанд, ки ба куҷо муроҷиат кунанд ва ночор дасти холӣ ба кишварҳои худ бармегарданд. Дар чунин сурат, иттилоъ дар бораи қонуншиканиҳои корфармоҳои ҳаромкор ва чапдаст то ба мақомоти Латвия, албатта, намерасад.

Ласма Стабиня, ҳамоҳангсози ВКД Латвия дар масоили пешгирӣ аз харидуфурӯши инсон мегӯяд: «Тавре ба назар мерасад, интиқоли нирӯи корӣ аз кишварҳои сеюм ба Латвия торафт меафзояд. Бахусус аз тариқи Украина, мисле ки дар ин қазияи шаҳрвандони Тоҷикистон шоҳидаш шудем. Шумораи муҳоҷирон зиёд мешавад ва албатта, дар ин ҷои шакке нест, ки ин охирин чунин ҳодиса нахоҳад буд. Ин танҳо нахустин мавриди собитшудаест, ки мо ин шаҳрвандони Тоҷикистонро қурбонии харидуфурӯши инсон эътироф кардем, вале, албатта, ин охирин чунин ҳодиса нест”.