Парвандаи ҷиноӣ алайҳи мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир

12

Мақомоти Тоҷикистон ба зидди Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи тоҷики муқими Маскав бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ба нақл аз Ахбор, бар асоси натиҷаҳои ташхиси расмӣ, мақомот як видеои Иззат Амон бо номи “Чаро ҳукумат ҳиҷобро манъ мекунад?”-ро “экстремистӣ” арзёбӣ карда, бар асоси ҳамин видео нисбат ба вай парванда кушодаанд.

Видеои “Чаро ҳукумат ҳиҷобро манъ мекунад?”, ки Иззат Амон рӯзи 16 декабр дар каналаш дар шабакаи Ютуб нашр кард, сабаби шурӯи парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ин ҳомии ҳуқуқи муқими шаҳри Маскав шудааст.

Иззат Амон дар ин видео аз таъсиси гуруҳи корӣ бо ҳадафи ба таври қонунӣ манъ кардани ҳаққи вуруди занону духтарони ҳиҷобпӯш ба муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр, рейдҳои махсус ба зидди ҳиҷоб дар кӯчаву бозорҳоро ба боди шадиди интиқод кашида буд.

Ин видеоро дар Ютуб то имрӯз 70 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ин видеоро ба ташхис супурдаанд ва ташхис низ дар хулосааш видеои Иззат Амонро ифротӣ ҳукм кардааст.

Бар асоси ин ташхис, ба зидди Иззат Амон бар асоси моддаи 307, прим 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаи Интернет парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонун ҳамчун муҷозот аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Моддаи 307 ва иловаҳояш дар Тоҷикистон маъмулан барои парвандаҳои ҷиноятӣ ба зидди тарафдорони мухолифин ва мунтақидони ҳукумат истифода мешавад.

Акнун бо оғози расмии парвандаи ҷиноятӣ тафтишот бояд макони будубоши шахси гумонбарро муайян кунад ва дар сурати ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир нашуданаш ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор диҳад. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ин раванд метавонад ягон ҳафтаро дар бар бигирад, чунки ба мақомот дар Маскав будани Иззат Амон маълум аст ва ӯро метавонанд ба ин далел якбора таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор диҳанд.

Бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки баъди Каромат Шарипов ҳатман аз пайи Иззат Амон хоҳанд шуд, то ӯро ҳам бо роҳе аз майдони Русия берун кунанд.http://parstoday.com/tg/news/tajikistan-i41007