Домой Новости ФИРОРИ МАҒЗҲО: ТОҶИКИСТОН “ЧЕМПИОН”-И РУШДИ АҲОЛИИ РУСИЯ АЗ ҲИСОБИ МУҲОҶИРОН ШУД

ФИРОРИ МАҒЗҲО: ТОҶИКИСТОН “ЧЕМПИОН”-И РУШДИ АҲОЛИИ РУСИЯ АЗ ҲИСОБИ МУҲОҶИРОН ШУД

115

Бино ба омори расмии Росстат, дар соли 2018 дуруст 31ҳазору 31 зодаи Тоҷикистон барои зиндагии доим дар Русия мондаанд. Тоҷикистон ба ин тартиб Украина – «чемпион»-и соли 2017-ро ақиб гузошта, бо таъмини чоряк ё 25 дарсади рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷират (миграционный прирост) дар ин сабқат байни кишварҳои дунё ҷои аввалро ба даст овард. Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз 85 тоҷик барои зиндагии доимӣ вориди Русия мешавад. Ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Росстат омори расмӣ дар бораи вазъи демографии Русия то 1 январи соли 2019-ро нашр кард. Бино ба ин омор, аҳолии Русия дар аввали соли ҷорӣ 146,8 миллион нафарро ташкил дода, назар ба як сол қабл 93,5 ҳазор ё 0,06% кам шудааст.

Русия метавонист аз ин коҳиши шумори аҳолиаш ҷилавгирӣ кунад, агар дар соли 2018 вуруди муҳоҷирон ба қаламраваш барои зиндагии доимиро низ қариб ду баробар кам намекард. Бино ба омори Росстат, соли гузашта ба Русия 124884 нафар барои иқомат ворид шудаанд, ки ин назар ба 211878 нафари соли 2017 қариб 41 фоиз, ё 87 ҳазор камтар аст.

“Чемпион”-и соли 2018 дар сабқати таъмини рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷирон (миграционный прирост) Тоҷикистон шудааст. Соли 2017 ҷои якумро Украина гирифта буд.

Соли гузашта 31031 зодаи Тоҷикистон барои иқомати доим дар Русия мондаанд. Ин назар ба соли 2017 тақрибан 3,5 ҳазор нафар камтар аст, вале бо ин вуҷуд дар соли 2015 Тоҷикистон дар умум 25 дарсади рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷиронро таъмин кардааст.

Ҷои дуюмро бо 26520 нафар Қазоқистон ба даст овард ва ба дунбол Украинаву Арманистон мутаносибан бо 14822 ва 14358 нафар ҷойгир шудаанд. Саҳми Ӯзбекистону Қирғизистон – ду кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ дар таъмини рушди аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷирон хеле камтар аст- 6807 ва 8988 нафар, яъне дар муқоиса бо Тоҷикистон Ӯзбекистон 4,5 маротиба ва Қирғизистон 3,5 маротиба одами камтар барои зиндагии доимӣ дар Русия додаанд.

Русия ҳар сол ба 110 ҳазор нафар иҷозатнома барои иқомати муваққат (РВПва ба даҳҳо ҳазори дигарҳаққи иқомат медиҳадОнҳоеки соҳиби РВП ё ҳаққи иқомат дар Русия мешавандбаъди се солметавонанд барои гирифтани шаҳрвандии ин кишвар ариза диҳанд.

Ҳамин таврРусия тавассути барномаи “Переселение” ё “Соотечественники” ҳар сол даҳҳо ҳазорнафарасосан аз қишрҳои таҳсилкарда ва мутахассисро аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ бароизиндагии доимӣ ба қаламрави худ мекӯчонад.

Ҳар сол дар аввали моҳи январ дар назди намояндагии бахши муҳоҷирати ВКД Русия дар Душанбефақат барои номнавис кардан ба навбати хоҳишмандони кӯчидан ба Русия садҳо нафар ҷамъмешавандМоҳи январи соли 2018 ин навбати бузургро ҳатто бо ҷалби нирӯҳои ОМОН парокандакарданд.

Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан ним миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр карда ва аксари онҳо бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш астки ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтархудро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянддаршароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯяндбарои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳангичандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳоиҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дарпеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепояндҷомиашиносон азяк паёмади ногувори ин тамоюл  фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дарТоҷикистон  бонги изтироб мезанандОнҳо мегӯяндкишварҳои хориҷӣбахусус Русиямутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибонмуҳандисонустоҳо ванамояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бонафарони бетаҷрибаеки тоза аз донишгоҳ берун шудаандпур кунанд.