Ҳар як муҳоҷире, ки аз 180 рӯз беш аз 90 рӯз дар Русия иқомат мекунад, бояд сабти иқоматашро ТАМДИД кунад. Асос барои тамдиди сабти иқомат: қарордоди корӣ, қарордоди иҷрои кор ё қарордоди хадамоти таълимӣ. Ҳарфҳое чун “барои ман биёр муҳим аст” ва “ҳама ҳамин тавр мекунанд” намевонанд АСОС барои тамдиди иқомат шаванд, сархати 2, банди 5, банди 7. Агар тибқи қарордоди корӣ ё қарордоди иҷрои кор кор кунед, муҳлати ҳузури Шумо ба ҳадди муҳлати ин қарордод тамдид мешавад, на бештар аз муҳлати пардохти патент.
Агар пули патентро барои як моҳ супоридеду иқомат се моҳ тамдид шуд, сад дарсад он қалбакӣ аст. Агар Шумо пули 8-моҳаи патентро супоридед, аммо иқомати Шумо барои се моҳ тамдид шавад, ин ҳам қалбакӣ аст. Тамдиди иқомат ТАНҲО дар СУРОҒАИ ЗИСТИ ВОҚЕИИ ШУМО имконпазир аст. Тамдиди иқомат дар суроғаи шиносҳо, “ҳамшаҳрҳои боэътимод”, дар меҳмонхонае, ки он ҷо иқомат НАМЕКУНЕД, дар “ширкати ҳуқуқӣ” МУМКИН НЕСТ. Дар чунин ҳол, Шуморо ба муддати 5 сол ихроҷ мекунанд, агарчи иқомати Шумо дар пойгоҳ сабт шуда бошад ҳам (банди 1.4).
Тамдиди иқомати муҳоҷир танҳо дар ҳолате мумкин аст, ки дар айни ҳол Шумо санади иҷозаи иқомат ДОРАД. Агар муҳлати иқомати қаблӣ ба охир расида бошад, ё он дар пойгоҳ сабт нашуда бошад, расмӣ кардани тамдид ҒАЙРИИМКОН аст. Бинобар ин ҳамин расмӣ кардани тамдиди иқомат бояд ТО анҷоми иҷозаи иқомати қаблӣ анҷом шавад. Ин ОХИРОН муҳлат аст, набояд интизор шуд, ки кай сабти иқомати қаблӣ ба итмом мерасад. Тамдиди иқомат бояд ҳарчи зудтар пас аз пардохти патент, имзои қарордоди корӣ, қарордоди иҷрои кор ё қарододи таълимӣ анҷом шавад.
Барои тамдиди иқомат Шумо бояд:
• шиносномаи худ (сафҳаи аксдор ва сафҳаи дорои муҳри вуруд),
• муҳоҷиратӣ (ҳарду тараф)
• сабти иқомати муҳоҷиратӣ (ҳарду тарф)-и худро нусхабардорӣ кунед.