Додситонии нақлиёти Тоҷикистон бо анҷоми як таҳқиқ маълум кард, ки ду корманди фурудгоҳи Душанбе бо кумаки ду корманди ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ғайриқонунӣ 20 кило носро ба номи мусофири парвози Душанбе – Франкфурт сабт карда, мехостанд ба Олмон қочоқ кунанд. Донишҷӯи тоҷик Далер Дӯстовро моҳи декабр бо ин носи қочоқӣ дар Франкфурт дастгир карда, 1700 евро ҷарима бастанд. Раиси “Сомон Эйр” ваъда додааст, ки ин 1700 евро зарари расида ба Далер Дӯстовро аз ҳисоби гунаҳкорон ҷуброн хоҳанд кард.
Баҳси нос – халос? Хулосаи додситонӣ дарбораи қочоқи нос ба Олмон
Абдулло АШӮРОВ, радиои “Озодӣ”
Тафтиши додситонии Тоҷикистонмаълум кардааст, ки дар воқеъ дукорманди фурудгоҳи Душанбеғайриқонунӣ хостаанд, бо истифода аз номи як мусофир ба Олмон нос қочоқ кунанд.
Далер Дӯстов, донишҷӯи тоҷикро пулиси Олмон рӯзи 8-уми декабр дар фурудгоҳи Франкфурт бо иттиҳоми қочоқи 20 килограмм нос дастгир ва сипас 1700 евро ҷарима кард.
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон дар як номае ба унвони волидони Далер Дӯстов, сокини шаҳри Душанбе навиштааст, ки дар воқеъ шикояти писари онҳо дар бораи ба ӯ тааллуқ надоштани носи қочоқӣ собит шуд.
Дар ин нома аз рӯзи 11-уми январи 2019, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, омадааст, “дар рафти санҷиш ваҷҳҳои шумо тасдиқ ёфтанд.
Ба гуфтаи додситонӣ, санҷиш маълум кард, ки ду корманди фурудгоҳи Душанбе мухолифи дастуруламали корӣ барои ба расмият даровардани бағоҷи нос, ки ба Далер Дӯстов тааллуқ надошт, мусоидат кардаанд.
Риоят накардани дастуруламали кор
Дар номаи Додситонии нақлиёт омадааст, дар бораи Талабшо Жолаков, нозири муоинаи шӯъбаи амнияти дохилӣ ва нозири амнияти ҳавонавардии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва Бибияман Ҳакимова, маъмури тиҷоратии фурудгоҳ барои риоят накардани дастуруламали хидматрасонӣ қарор қабул карда ва ба раҳбарияти фурудгоҳ фиристодаанд.
«Тавре ба ман хабар расид, Бибияман Ҳакимова аз кор озод шудааст. Валеаниқ намедонам, ки ТалабшоЖолаков низ аз кор ронда шудааст ваё, не мутассифона аз фурудгоҳ ва ё, ширкати «Сомон эйр» мустақиман баман гап назаданд» – гуфт Далер Дӯстов.
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин маълум кардааст, ки ду корманди ширкати «Сомон эйр» Раҳимов ва Ҷӯраев дар он рӯз ба хунукназарӣ роҳ додаанд ва барои кӯмак ҷиҳати ба расмият даровардани бағоҷи нос аз тарафи ширкат “танбеҳ” гирифтанд.
Ширкати “Сомон Эйр” дар посух ба шикояти волидони Далер Дӯстов гуфтаанд, ки дар рафти тафтишоти додситонӣ “шахсони гунаҳкор багуноҳи худ иқрор шуданд ва аз ин рӯзарари моддӣ ба андозаи 1700 евроҷуброн карда мешавад.” Номаи “Сомон эйр” ба модари донишҷӯи тоҷик аз рӯзи 6-уми феврал ва бо имзои Томас Ҳаллам, мудири ширкат дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.
Барои ҷуброн ба додгоҳ муроҷиаткунед
Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳам эътироф кардааст, ки бо мусоидати кормандони фурудгоҳ ва ширкати “Сомон эйр” бағоҷи носро ба номи Далер Дӯстов сабт кардаанд. Айни замон ба гуфтаи ин ниҳод, волидони Далер Дӯстов ва ё худаш бояд барои ҷуброн кардани 1700 евро ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Ба гуфтаи Далер Дӯстов, Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе бемасъулиятии кормандонашонро бар дӯш гирифтан намехоҳад ва аз ин рӯ ба онҳо пешниҳод кардаанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад. Вале гуфт, ӯ андаке ҳам бошад, “адолат ғалаба кард”.
Далер Дӯстов рӯзи 8-уми декабр баъди парвоз тавассути ҳавопаймои хат сайри “Душанбе-Франкфурт” дар фурудгоҳи ин шаҳри Олмон дастгир шуд. Далер мегӯяд, маъмурони амниятӣ ӯро ба қочоқи нос муттаҳам карда ва 28 соат дар идораи пулис нигаҳ доштанд.
Чун маълум шуд, ки бағоҷи дуввум ба ӯ тааллуқ надорад ва дар бағоҷ нақши ангуштонаш нест, ӯро баъди ситонидани 1700 евро ҷавоб доданд. Далер Дӯстов мегӯяд, як ҷавони дигарро бо айни иттиҳом дастгир карда ва ҳамон рӯз аз қаламрави Олмон ихроҷ кардаанд.
Ҷанҷоли нос ва амнияти мусофирон
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, рӯзи 8-уми декабри соли 2018 зимни сафараш ба Олмон ду нафар аз кормандони фурудгоҳ ба назди ӯ омада, хостанд, бори онҳоро дар номаш сабт карда ва ба Олмон барад, вале ӯ қотеона рад кардааст.
Далер Дӯстов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пулиси Олмон ба ӯ хабар додааст, ки баъди ин ҳодиса як шабакаи қочоқбарони носро, ки аксаран муҳоҷирони эронитабор будаанд, ошкор кардаанд. Ба қавли ӯ, ин қочоқбарон 20 кило носро бо арзиши беш аз 5 ҳазор евро дар Олмон мефурӯхтаанд.
Ҷавони тоҷик мегӯяд, 20 кило нос рӯзи ӯро барои муддате дар Олмон сиёҳ кард, вале на раҳбарияти «Сомон эйр» ва на Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе бо вуҷуди исбот шудани гуноҳи кормандонашон узр напурсиданд.
Далер Дӯстов баъди ҳодиса дар бораи амали ғайриқонунии кормандони фурудгоҳ дар Фейсбук нақл кард ва баҳси зиёдеро дар бораи амнияти мусофирону кори кормандони фурудгоҳи Душанбе барангехт.