Home Новости ДУ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ БА ЗИДДИ ЯК РОҲБАРИ ТОҶИКОН ДАР КИШВАРИ ОЛТОЙИ РУСИЯ

ДУ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ БА ЗИДДИ ЯК РОҲБАРИ ТОҶИКОН ДАР КИШВАРИ ОЛТОЙИ РУСИЯ

Дар шаҳри Рубтсовски кишвари Олтой (Алтай)-и Русия ба Займуддин Зубайдович Сабуров, муовини раиси раёсати ҷамъияти тоҷикони Рубтсовск – АКОО «Таджикская диаспора» ду парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Сабуров ба он айбдор мешавад, ки аз соли 2017 то 2019 дар хонаҳояш дар ноҳияи Рубтсовск беш аз 60 муҳоҷир аз Тоҷикистону Қазоқистонро сабти ном кардааст. Муҳоҷирони сабтиномшуда дар асл дар ин хонаҳо зиндагӣ намекарданд ва Займуддин Сабуровро дар чорчӯби маъракаи мубориза бо «хонаҳои резинӣ» ба ҷавобгарӣ кашондаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Русия аз тариқи мубориза бо «хонаҳои резинӣ» мехоҳанд дари ин кишварро ба рӯи муҳоҷирони корӣ бубанданд.

Бино ба гузориши нашрияи маҳаллии «ВРубцовске», бахши бозҷӯии шуъбаи пулиси «Рубтсовский» нисбат ба Займуддин Зубайдович Сабуров, муовини раиси шуъбаи маҳаллии ҷамъияти тоҷикон АКОО «Таджикская диаспора» барои асоси моддаҳои 322.2 ва 322.3-и Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ дар манзилҳояш ду парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Бино ба иттилои пулиси Рубтсовск, Сабуров Займудин Зубайдович аз соли 2017 то 2019 дар чанд хонае, ки дар ҳудуди ноҳияи Рубтсовски кишвари Олтой дорад, даст ба фаъолияти ғайриқонунӣ зада, дар ин манзилҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистонро бидуни барои иқомат ба онҳо додани ин манзилҳо сабти ном мекард. Амалан беш аз 60 нафаре, ки Займуддин Сабуров дар хонаҳояш сабти ном карда буд, дар ин хонаҳо зиндагӣ намекарданд. Тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар нишоние, ки сабти ном шудаанд, зиндагӣ кунанд.

Мақомоти тафтишотӣ чунин шумораи бузурги муҳоҷирони ба таври қалбакӣ сабтиномшударо барои парвандаҳои ҷиноии зидди Займуддин Сабуров далели кофӣ номидаанд. Бар асоси моддаҳои 322.2 ва 322.3-и Кодекси ҷиноятии Русия ба Займуддин Сабуров барои сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ дар манзилҳояш аз ҷарима то се сол корҳои ислоҳӣ ваё ҳатто то се соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Сомонаи «ВРубцовске» дар гузоришаш таъкид мекунад, ки «АКОО «Таджикская диаспора» ва созмонҳои дигари мисли ин аз ҷониби мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки ҳамаҷониба дарёфт мекарданд, аз ҷониби онҳо бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи зодагони он кишвар назорат мешуданд ва масоили гуногунро тавассути додани супориш ва ҳамкорӣ бо роҳбарон ва намояндагони чунин созмонҳо ҳал мекарданд. Сабуров З.З., ба ҳайси яке аз роҳбарони АКОО «Таджикская диаспора» дар шаҳриРубтсовск ба амали ғайриқонунӣ роҳ дод, ки ба мақоми доштааш муносиб набуд ва ин созмони ҷамъиятиро беобрӯ кард.”

Дар шаҳри Рубтсовски кишвари Олтой ва деҳаҳои атрофи он ҳудуди 145 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Ин шаҳр дар гузашта яке аз марказҳои бузурги саноати мошинсозии Сибири ғарбӣ ба шумор мерафт ва як корхонаи бузурги тракторсозӣ дорад. Рубтсовск дар 290-километрии ҷанубуғарби Барнаул, маркази кишвари Олтой ва дар ҳамагӣ 40-километрии марзи Қазоқистон ҷойгир шудааст.

Ҳар сол ба инҷо садҳо нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон барои мардикорӣ меоянд. Як қисми ин муҳоҷирон дар шаҳри Рубтсовск ва деҳаҳои атрофаш хона харида, муқимӣ шудаанд.

Exit mobile version