Домой Новости Навбатпоии тақрибан 300 муҳоҷири тоҷик дар марзи Русия

Навбатпоии тақрибан 300 муҳоҷири тоҷик дар марзи Русия

58
Ҳудуди 300 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Петухово” дар ҳудуди транзитии марзи Қазоқистону Русия дармондаанд. Ин гузаргоҳ дар қаламрави вилояти Курган воқеъ аст ва аксари автобусҳои ҳомили муҳоҷирон маҳз тавассути ҳамин нуқта мегузаранд.
Сарҳадбонони Русия аввал шаҳрвандони он кишвар, мошинҳои сабукрав ва боркашони онҳо, баъдан шаҳрвандони Қазоқистону Қирғизистонро мегузаронанд. Дар охир навбати шаҳрвандони Тоҷикистон мерасад.

“Эътироз кардем. Гуфтанд, агар писанд нест, баргардед”​

Бобо Солизода, муҳоҷири кории тоҷик, мусофири автобусе аст, ки аз шаҳри Хуҷанд ба тарафи Челябински Русия равона аст. Ӯ рӯзи 16-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз боз тақрибан сесад муҳоҷир аз Тоҷикистон дар ин гузаргоҳ дармондаанд.

“Интизор ҳастем, ки кай навбати мо меояд ва маъмурони гумруку сарҳадбонон моро тафтиш карда, ба Русия роҳ медиҳанд. Дар ин ҷо чизе нест, ҳатто ба ҳоҷатхона рафтан намемонанд. Чанд бор эътироз кардем. Маъмурони гумруки Русия гуфтанд, агар ин шароит писанд нест, пас, аз ҷое, ки омадед ба ҳамон ҷо баргардед”, – нақл кард ин муҳоҷири тоҷик.

Айни замон дар назди гузаргоҳи марзии “Петухово” 6 автобус аз Тоҷикистон дармондааст, ки сетои он ба самти Тюмен, дуи дигар ба тарафи Екатеринбург ва яке ба Челябинск равона аст.

Маҳмадалӣ Давлатов, як таксирони тоҷик, ки муҳоҷиронро аз шаҳри Тюмен то ба марзи Қазоқистон бурда меорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сарҳадбонони Русия аввал шаҳрвандони он кишвар, мошинҳои сабукрав ва боркашони онҳо, баъдан шаҳрвандони Қазоқистону Қирғизистонро мегузаронанд. Дар охир шаҳрвандони Тоҷикистонро. Аз сабаби он ки мошинҳо зиёд буданд, навбат ба автобусҳои Тоҷикистон нарасид ва мардум то ҳоло мунтазиранд.”

Ҳангоме ки мо бо Давлатов суҳбат доштем, навбати аз сарҳад гузаштани як автобуси Тоҷикистон наздик мешуд. Ин таксирони тоҷик гуфт, ҳар як автобус аз 50 то 54 мусофир дорад ва сарҳабонони рус ҳар мусофир, бағоҷи онҳо ва бордони автобусро аз дигар мусофирон дида, сахттар тафтиш мекунанд ва аз ин рӯ вақти зиёд меравад.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёд ва заҳмати роҳ муҳоҷирони кории тоҷик ба хотири арзон будани роҳкиро тавассути автобус ба Русия мераванд ё аз онҷо бармегарданд. Нархи роҳкирои автобус аз шаҳрҳои Сибири Русия ба Тоҷикистон аз 4 то 7 ҳазор рубл аст, дар ҳоле ки нархи билети ҳавопаймо аз 13 ҳазор рубли русӣ поин нест.

Мавсими тафтишу санҷиши муҳоҷирон дар Русия

Як шабонрӯз дармондани муҳоҷирони кории тоҷик дар марзи Қазоқистону Русия дар ҳолест, ки аз 10-уми март инҷониб мақомоти пулис ва нерӯҳои “Россгвардия” дар Русия ба тафтиш ва боздошти саросарии муҳоҷирон оғоз карданд.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гуфт, “як ҳафта боз “рейд”-и муштараки мақомоти пулис, ҳифзи ҳуқуқ, амният, беҳдоштӣ ва зидди сӯхтор дар қаламрави Русия идома дорад”.

Аҳмадов афзуд, аз рӯзи аввали “рейд” вазъиятро зери назар доранд. “Мо дар бозори “Москва” будем, рейд шуруъ шуд. Корманди пулис ҳамаи дарҳоро баста, тафтишро оғоз карданд. 500 муҳоҷирро дастгир карданд ва аз ин шумор 37 нафар шаҳрванди Тоҷикистон буданд”, – гуфт ӯ.

Боздошти саросарии муҳоҷирон, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бо нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон сурат мегирад, чун кормандони пулис танҳо бар асоси қиёфа муҳоҷиронро боздошт ва бидуни кадом як асос соатҳо ва гоҳе рӯзҳо дар идораи пулис нигоҳ дошта, бозпурсӣ мекунанд.

Баҳрулло Одинаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар шаҳри Маскав мегӯяд, дар чунин рейдҳо ҳатто тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, боздошт шудаанд.

“Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон бештар барои дар маҳалли зисти худ зиндагӣ накардан боздошт ва ҷарима мешаванд. Чун мувофиқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, муҳоҷир дар ҷое, ки сабтином шудааст, бояд дар ҳамон ҷо зиндагӣ кунанд. Аммо аксарият муҳоҷирони мо имкони иҷора гирифтани хонаро надоранд. Дар ягон манзил худро сабти ном мекунанд, вале дар таҳхонаву утоқҳое дар ҷойи корашон зиндагӣ мекунанд”

Одинаев мегӯяд, бинобар иттилои ӯ, ки аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дастрас кардааст, рейду санҷишҳои дастҷамъонаи муҳоҷирон дар саросари Русия 25 рӯзи дигар бояд идома кунад.

Бо ҷарима аз Маскаву Петербург меронанд

Масъулони идораҳои марбут ба муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, он муҳоҷироне, ки санадҳои будубошашон дар Русия пурра қонунӣ нест, ҷарима мешаванд.

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, мутобиқи тағйироти охир дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ва вилоятҳои Маскаву Ленинград ҳатто як ҷарима ҳам кофист, ки муҳоҷири кориро аз Русия биронанд.

“Аз минтақаҳои дигари Русия барои ҷаримаи аввал ихроҷ намекунанд, аммо агар муҳоҷир ду бор ҷарима шуд, ихроҷ хоҳад шуд”, – афзуд ӯ.

Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору иқомат ба Русия мераванд. Аксари онҳо шикоят доранд, ки аз бекорӣ ва ё камии маош рӯ ба Русия овардаанд.