Домой Новости Раҳбари католикҳо хост, ки бархӯрд бо муҳоҷирон тағйир ёбад

Раҳбари католикҳо хост, ки бархӯрд бо муҳоҷирон тағйир ёбад

48

Поп Франсис, раҳбари католикҳо, аз ҷаҳониён хост, ки шеваи бархӯрдро бо паноҳҷуён тағйир диҳанд. Ба қавли ӯ, ҳангоме ки мардуми ноумед манотиқи аслиашонро тарк мекунанд, дуруст нест, ҷилави онҳо гирифта шавад. Поп рӯзи 30-юми март дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Марокаш гуфт, “масъалаи муҳоҷират ҳеч гоҳ бо эҷоди монеа ва масдуд кардани роҳҳо ҳал намешавад”. Раҳбари католикҳои ҷаҳон ҳамчунон бо шуморе аз паноҳҷуён дар як муассисаи хайрияи католикҳо дар пойтахти Марокаш дидор кард.